КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Модул” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маҷлис баргузор гардид.
Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Модул”, директори филиали "МТОМ"-и шаҳри Кӯлоб Мирзоев Абдулҳаким иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан, Валиева Саъбагул баромад намуда, қайд кард, ки самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ин ба мардум расонидани моҳияти дастовардҳои даврони Истиқлолият ва таъмини зиндагии шоиста ба халқу миллат тавассути ҳадафҳои давлату ҳизб, аз ҷумла бо роҳи “Таъмини амнияти озуқаворӣ”, “Раҳоӣ аз бумбасти комуникатсионӣ” ва “Расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ” ба ҳисоб меравад.
Дар навбати худ Мирзоев Абдулҳаким зимни баёни андеша гуфт, ки Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 23 соли фаъолияти худ собит намуд, ки бо ҳарфу амали созанда ва таблиғоти ба рушди минбаъдаи давлату кишвар равонагашта, метавон роҳҳои ҳаллу фасли тамоми душвориҳоро пайдо кард ва пешравиҳои рӯзафзуни давлату ҷомеаро таъмин намуд.
Мавсуф таъкид сохт, ки мо низ аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ пеш аз ҳама сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ аз ин дида фаъолона ширкат меварзем.