БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мавқеи ҳизб дар маҳал таҳким ёфта, шинохти ҳадафҳои созандаи он бештар гардидааст

ДӮСТӢ. Мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Дӯстӣ  пайваста вохӯрию мулоқотҳо баргузор гашта истодааст.

Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Найсон”  вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯри кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  ба шаҳрвандон  аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ,  хатарҳои коррупсия ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  ҳисобидани масъалаи тарбияи мафкуравии зидди коррупсионӣ дар аҳолиро ёдовар шуданд.

Ҳамчунин,  бо истифода аз ситодҳои доимамалкунандаи ҳизбӣ ба ҷамъомадагон ба роҳ мондани таблиғу ташвиқи пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсияро фаҳмониданд.

Дар охир масъулин  атрофи огоҳонидани шаҳрвандон аз хатарҳои ҷаҳони муосир, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди  терроризму экстремизм суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки дар муборизаи беамон бар зидди чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  ва зуҳуроти номатлуби ҷомеа, коррупсия бетараф набошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg