БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПӮШИДАНИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ ҲАТМӢ ВА ЗАРУР АСТ

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ ва фаҳмонидани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19, риояи гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва риояи масофаи ҳамдигарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Лиҷаки боло” бо иштироки фаъолони ҳизб ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Аксияи ҳизбӣ  баргузор гардид.

Масъулини ҳизб зимни баргузории чорабинии мазкур ба сокинон 100 дона ниқобҳои тиббӣ ва 100 адад варақаҳои иттилоотиро тақсим намуда, дар бораи нишонаҳои беморӣ, роҳҳои пешгирии он ба шаҳрвандон тавсияҳо доданд.  Инчунин, баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ  ва риояи қоидаҳои беҳдоштиро ба дарки  ҳамагон расониданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg