ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаи Хуррамдеҳи Ҷамоати деҳоти Гулистон бо 380 нафар истиқоматкунандагон вохӯрӣ доир намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотиро оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ тақсим намуданд.
Сипас, масъулин оид ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, рӯёнидани ду-се ҳосили зироатҳо, захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсиро ба дарки ҳамагон расонида, таъкид карданд, ки татбиқи масъалаҳои болозикр барои ҳар як шахс зарур мебошад.