КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо коҳиш ёфтани шиддати сироятёбии бемории коронавирус мушоҳида мешавад, ки теъдоди зиёди шаҳрвандон беаҳамиятӣ зоҳир намуда, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҳамарӯза дар маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб бо мақсади пешгирии ин беморӣ бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.
Зимни гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳаллаи ба номи Ҳилоли Аҳмар аз ҷониби масъулин қайд карда шуд, ки танҳо риояи гигиенаи шахсӣ метавонад моро аз хатари сироятёбӣ эмин нигоҳ дорад. Баён гардид, ки давлат ва Ҳукумати кишвар баҳри он мекӯшанд, ки шаҳрвандон эмин аз ин беморӣ бошад, пас моро мебояд, ки худрову дигаронро аз ин беморӣ эҳтиёт намоем.