ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри таъмини зиндагии шоиста ва самаранок истифодабарии заминҳои кишоварзӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо усули “ хона ба хона” дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Корез корҳои таблиғотӣ гузаронида истодаанд. Мақсад аз ин вохӯриҳо таъмини аҳолӣ бо ниёзи аввалаи хӯрока, истифодабарии заминҳои бекорхобида, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, қонеъ намудани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Баъди анҷоми мулоқот ба истиқоматкунандагон ниқобҳои муҳофизатӣ ва ду намуд варақаҳои таблиғотӣ, яке оид ба истифодаи заминҳои наздиҳавлӣ ва дуюм барои риояи гигиенаи шахсӣ тақсим карда шуд.