ВОКУНИШ. Намоиши наворҳои филми мустанади “Хиёнат”, ки тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон пахш гардидаанд, бори дигар тасдиқ мекунад, ки хиёнатгарони миллати тоҷик то чӣ андоза дар ҳирси пулу мол, сарват ва барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ дода шуда, тамоми муқаддасоти инсониашонро ба хоҷагони зархаридашон фурӯхтаанд. Дар ҳақиқат ҳангоми тарҳрезь намудани нақшаҳои хунини худ, тамоми арзишҳои волои инсонь падару модар, зану фарзанд ва беш аз ҳама тинҷиву оромии Ватан ва тоҷикистониёнро зери хавф гузошта, танҳо ва танҳо манфиатҳои худро дар мадди аввал гузоштаанд. Ҳеҷ як ақли солим дар байни наҳзатиҳо дар он вақт пайдо нашудаву нагуфта, ки баъд аз “пирӯзиамон” чӣ давлате хоҳем сохт магар, ки Афғонистони дуюм?
Шукронаи тинҷиву оромии давлат, шукронаи неъматҳои даврони истиқлолият, шукронаи ин хоку оби Ватан, шукрона аз сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, шукрона аз пойдории сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунам то тавонист миллати тоҷикро аз вартаи парокандагиву нестшавь наҷот дода, давлати тоҷиконро пас аз ҳазорсолаҳо пойдору устувор ва дар ҷомеаи ҷаҳонь шинохташаванда таъсис дод.
Худ фидо дар роҳи паймон кардааст,
Сад биёбонро гулистон кардааст.
Сарзамини пора -пора гаштаро,
Ҷамъ карда, Тоҷикистон кардааст!
Таърих худ гувоҳ аст, ки дар натиҷаи равандҳои таърихиву глобаль халқу миллатҳо парокандаву давлатдориашон қатъ гардида, имрӯзҳо бинобар сабаби надоштани мустақилият зери азобу шиканҷаи давлатҳои абарқудрат қарор доранд.
Бинобар ин моро зарур аст, ки ҳар як зарраи хоки Ватан-Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ҳушёрии сиёсии худро аз даст надода, ҳодисаҳои нангини наҳзатиҳоро дар солҳои навадуми асри гузашта бар сари мардуми тоҷик оварда буданд, ҳамчун таҷрибаи зиндагӣ дар ёд дошта бошем. Танҳо ба пеш ҳаракат намуда, паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам истода, пешбарандаи сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем.
Шиори ҳар яки мо чунин бошад: “Тоҷикистон, ба пеш бо Пешвои миллати муаззами хеш!”
Шарифзода Маҳмадаюб, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён