БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар маҳаллаи Навободи шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус доир карда шуд.
Дар рафти чорабинии мазкур бо усули “хона ба хона” доир ба ин беморӣ ба сокинон маълумотҳои зарурӣ дода шуда, таъкид гардид, ки риояи гигиенаи шахсӣ, қоидаҳои беҳдоштӣ дар хонадон ва пӯшидани ниқобҳои тиббӣ дар ин давра муҳим ва саривақтӣ мебошад. Ҳамзамон, зиёда аз 200 адад варақаҳои иттилоотӣ ва 100 дона ниқобҳои муҳофизатӣ ба шаҳрвандон тақсим карда шуд.