БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИШОВАРЗОНУ ДЕҲҚОНОН АЗ МУЛОҚОТ ТААССУРОТИ НЕК БАРДОШТАНД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як қитъа замини бекорхобида бо деҳқонону хоҷагидорон  пай дар пай  вохӯрию мулоқотҳоро  баргузор мекунад.  

Бо ин мақсад ин навбат дар Ҷамоати деҳоти Узуни ташкилоти ибтидоии “Саноат “ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия суҳбатҳо  доир карда шуда, масъулин дар суҳбат оид ба  роҳҳои паҳншавӣ ва пешгирии бемории коронавирус навъи Ковид-19, истифодаи самараноки ҳар қитъаи замини бекорхобида ва ба гардиш даровардани он фикру андешаҳои хешро баён дошта, иштирокдоронро  барои ба даст овардани  ҳосили хуб  ва истифодаи самараноки замин  ҳидоят карданд.  Дар  навбати худ ҷаммъомадагон андешаҳои худро дар ин самт баён дошта, барои баргузории  чунин вохӯрии судманд  аз  ҳизбиён  изҳори сипос баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg