Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ҳамкорӣ бо кормандони бунгоҳи тиббӣ бо усули «хона ба хона» ба сокинон варақаҳои тавсиявӣ оид ба пешгирии бемории пандемияи Covid-19-ро тақсим намуда, таъкид доштанд, ки аз тавсияҳои табибон дуруст истифода намуда, аз чоийҳои серодам худдорб намоянд ва бе ниқоб аз хона набароянд. Сипас, дар ин раванд дар бораи истифодаи сараноки замин ба ҳамагон маслиҳатҳои судманд дода, даъват карданд, ки саҳм гузоштан дар ттаъми амнияти озуқавории кишвар вазифаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар мебошад.