КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” кормандон ва волонтёрони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ба деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросон сафарбар карда шуда, дар бунёд ва азнавсозии манзилҳои сокинони аз офати табиӣ зарардида саҳми беандозаи худро гузоштанд. Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо корҳои созандагӣ дар маҳаллаи навбунёд бо вусъат идома дошта, умед аст, ки дар фурсатҳои кӯтоҳ сокинон аз зери хаймаҳо ба хонаҳои навбунёди худ кӯч мебанданд.