КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалисозии барномаҳои давлатӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи самараноки замин, дар шаҳри Кӯлоб тадбирҳо амалӣ гардида, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони кишти картошкаву пиёз, помидор ва дигар зироатҳои ғалладонагию полезӣ зиёд карда шудааст.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо сокинони Ҷамоати деҳоти Кӯлоб мулоқот анҷом дода, онҳоро ба меҳнати софдилона дилгарм сохтанд. Дар навбати худ хоҷагидорон аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба дастрасии деҳқон ба замин изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат кӯшиш мекунанд, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ҳиссаи бештар гузоранд.