БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТӢ БА САЛОМАТИИ ИНСОН ХАТАР ДОРАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Истифода намудани ниқобҳои тиббӣ, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, мунтазам тоза намудани муҳити атроф, яке аз роҳҳои эмин будан аз ин бемории коронавирус мебошад. Ҳарчанд шиддати сироятёбии сокинони сайёра ба коронавирус имрӯз паст шуда бошад ҳам, вале инсоният аз ин беморӣ то ҳол раҳоӣ наёфтааст.

Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Кӯлоб мушоҳида шуд, ки баъзе аз сокинон нисбати чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии ин беморӣ беаҳамиятӣ зоҳир намуда, дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ масофаи иҷтимоиро риоя накарда, бениқобҳои муҳофизатӣ сайру гашт менамоянд. Моро лозим аст, ки ба шаҳрвандон дуруст моҳият ва зарурати пӯшидани ниқобҳои тиббиро фаҳмонем, зеро ин амали онҳо ба саломатии мо низ метавонад зарар расонад.Дар рафти корҳои тарғиботӣ аз ҷониби аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 200 адад ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳо оид ба пешгирии бемории коронавирус тақсим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg