БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲНАТИ МО БАРОИ ШОИСТА ЗИНДАГӢ КАРДАН АСТ!

ДАНҒАРА.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Дар қисми болои кӯчаи марказии Ҷамоати шаҳраки Данғара   бо усули   “хона ба хона”  аз ҷониби кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара миёни  сокинон  корҳои таблиғотӣ оид ба истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ муҳофизат намудан аз хатари коронавирус суҳбатҳо баргузор гардид.

Дар суҳбат  масъулин вобаста ба  масъалаҳои  мазкур фикру андешаҳои хешро баён дошта, ҳушдор доданд, ки  риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба ҳар як шахс дар ин давраи ҳассоси зиндагӣ муҳим  ва саривақтӣ мебошад.  Аз ин рӯ моро зарур аст, тибқи тавсияҳои  табибон  амал намуда, худ ва дигарон  аз ҳамагуна  бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем.

Сипас, доир ба  таъмини амнияти озуқавории кишвар, аз ҷумла истифодаи самараноки замин  ба сокинон маслиҳатҳои судманд дода шуда, иброз гардид, ки  танҳо меҳнати созанда моро ба зиндагии шоиста мерасонад ва мо бояд ҳар порча ба манфиати хеш самаранок истифода бурда, ҳосили фаровон ба даст биёрем. Дар охир варақаҳои иттилоотӣ бо сокинон ба тариқи ройгон тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg