БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТ БА ВАТАНУ МИЛЛАТ ГУНОҲЕСТ НОБАХШИДАНӢ

ВОКУНИШ. Хизматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, сулҳу дӯстӣ дар Тоҷикистони азизамон пойдор гардида, кишвари моро дар ҷаҳон бо номи тоҷик машҳур гардонид. Дар ҳақиқат аз ибтидои соли 1990 то инҷониб як гурӯҳи хиёнаткорони ватанфурӯш мехоҳанд вазъи ороми кишвари моро ноором сохта, манфиатҳои геопалитикии хоҷагони хориҷии худро дар минтақа амалӣ намоянд. Онҳо як нерӯи фурсатталаб, манфиатҷӯ ва вобастаи доираҳои мазҳабии хориҷӣ ба майдони сиёсии кишвар ворид шуда, ҳадафҳои нопоки худро бо истифода аз дини мубини ислом ошкор сохтанд. Аҳкоми шариатро истифода намуда, ба роҳбарони ҳизби наҳзати ислом муяссар гардид, ки  ҳам мардуми оддӣ ва ҳам як қисми табақаи зиёии ҷомеаро ба доми макру фиреби худ кашида, ҳазорон нафарро бехонаву дар ва садҳо занону кӯдаконро бесарпаноҳу сарпараст кунанд. Филми мустанаде, ки чанд рӯз пеш тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар пешниҳоди тамоми сокинони мамлакат гардид, бори дигар ба таври ошкоро бо далелҳои муътаъмад ва нақлҳои бевоситаи  шоҳидони ҳодисаю воқеаҳо чеҳраи нангини душманони миллатро нишон дод.

Филми мазкур бори дигар нокасӣ, бадбинӣ ва хиёнатҳои Кабириро  нишон дод. Ин хиётанкорони миллат медонистанд, ки кишвари азизи мо Ҳукумати конститутсионӣ буда, ҳар як  амалу ҳодиса зери назорати Ҳукумат қарор дорад, аммо барои молу сарват, вазифа ва амалигардонии  манфиатҳои хоҷагони хориҷӣ амну осоиш ва мафиатҳои миллиро зери хавф гузоштанд.

Хиёнаткорони бешарафу бенангу номуси миллат, ки ному насаб ва аксҳояшон дар филми мустанади “Хиёнат” нишон дода шудаанд, нохалаф, ватанфурӯш, пастфитрат будани онҳоро нишон медиҳад. Амалҳои ваҳшиёнаи онҳо хиёнат ба миллат, хиёнат ба Ватан, хиёнат ба падару модар мебошад.

Чӣ тавре, ки дар филм чандин бор таъкид карда мешавад ҳар иштибоҳ ва хатоеро бахшиданист, вале хиёнат ба Ватану миллат гуноҳест нобахшиданӣ!

Ҳарчанд, ки хиёнаткорон бо ҳаммаслакону хоҷагони худ дар назди ҷомеаи башарӣ шармандаву рӯсиёҳ шуда бошанд, ҳам аммо то ҳол аз ақидаву манфиатҳои худ даст кашиданӣ нестанд. Бе ягон ибо рӯяшонро “сиёҳу сафед” намуда, аз хориҷи кишвар бо забондарозиву маҳмадоноияшон ҳоло ҳам заҳри хешро бар сари мардуми ҷабрдидаи миллати тоҷик рехтаниянд.

Таҳиягарони филм аз ҳақиқати таърих ҳарф зада, тамошобинонро ба зиракии сиёсӣ, ба ҳимояи ҳокимияти конститутсионӣ, садоқат ба Ватану миллат даъват мекунанд. Моро зарур аст, ки ҳеҷ гоҳ ба ҳангомаҳои беасос ва дурӯғу буҳтони душманони миллат гӯш надиҳем, ба қавле сиёҳро аз сафед фарқ намоем. Мо ҳамавақт пайравони Пешвои муаззами миллат бошем. Ин Сарвари оқилу донову зирак аз рӯзи ба майдони сиёсат ворид шуданаш дар ҳимояи халқи тоҷик буд ва хоҳад монд.

Найрангбозии Кабирӣ ва ҳамроҳонаш ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд, чунки бадхоҳон хеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳанд расид. Пешвои муаззами мо тамоми маҳорат, малака ва донишу таҷриба ва асос ҷони худро барои фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзандаи мардуми тоҷик фидо намудаанд ва мо ҳар як амалу меҳнати он касро қадр намуда, ҷавобан мебояд пайрав ва давомдиҳандаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бошем.

Рудобаи Ҳилол, вакили Маҷлиси вакилони  халқи вилоят ва ноҳияи Қубодиён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg