А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо сокинони Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсов ва Калинин баҳри муқовимат бо бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои корами кишоварзӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.
Дар раванди мулоқотҳо бо мардум масъулин амалҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ, аз қабили риояи гигиенаи шахсӣ, мунтазам тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист, гузаронидани корҳои безараргардонӣ дар хонаҳо ва кӯчаю маҳаллаҳо, дар вақти баромадан аз манзили истиқоматӣ ба кӯча пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, худдорӣ намудан аз ҷамъомадҳо ва гаштугузор дар кӯчаю бозорҳоро фаҳмониданд.
Сипас, ҳангоми гузаронидани мулоқотҳо дар бораи сари вақт гузаронидани кишти такрорӣ дар қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии фермерӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар ин замина барои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии хушсифати кишоварзӣ, фаровон ва арзон гардидани бозори истеъмолии мардум суҳбатҳо доир карда шуд.