ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Родмардон» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Ҳамчунин масъулин дар рафти суханронӣ атрофи пешгирии бемории сироятии короновирус суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар ин давраи бисёр ҳассос худ ва наздиконатонро аз ин бемории хатарнок эҳтиёт намоед. Гузашта аз ин масъулин атрофи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муфассал суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои таърихӣ ва ба таври шоиста истиқбол хоҳем гирифт. Зеро гуфтанд Сарвари давлат: “Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон - Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷаъмона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд”.