ДАНҒАРА. Дар маҳаллаи 9-и ҷамоати шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Каримов Пирмаҳмад ва кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар бораи огоҳонидани мардум аз хатарҳои ҷаҳони муоисир, ки яке аз самтҳои афзалияноки фаъолияти ҲХДТ мебошад вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин оид ба пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳарккатҳои ирфотӣ ва огоҳонидани онҳо аз хатарҳои ҷаҳони муосир суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки аксарияти шахсони ба ин гурӯҳҳо шомилшудагон ба воситаи муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд.
Бояд падару модарон, ки фарзандонашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ҳастанд, аз аҳволи онҳо бохабар бошанд ва нагузоранд, ки онҳо фирефтаи шахсони манфиатҷӯ шуда, ба гурӯҳҳои террористиву экстермистӣ шомил гарданд.
Инчунин, дар баробари баррасии масъалаи мазкур масъулин атрофи сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии мардум аз бемориҳои сироятӣ, аз ташхиси тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз муҳоҷират баргаштаанд, рушди хунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ дар хона, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, пешгирӣ аз хурофотпарастиву бегонапарастӣ ҳарф зада, ҷамъомадагонро баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созанда некбинона баҳри ободии Ватан ва осудагии рӯзгори онҳо раҳнамоӣ карданд.