ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Зарнисори Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус ва пурсамар истифода намудани ҳар як порчаи замин корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули "хона ба хона" роҳандозӣ намуданд.
Намояндагони ҳизбӣ моҳияти дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити афзоиш ёфтани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки истифодаи самараноки ҳар қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва захира намудани маводи ғизоӣ барои ҳар як оила сари вақтӣ ва зарурӣ мебошад.