Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Пешгирӣ аз бемории короновирус вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ҳифзи солимии ҷомеа ҳама масъуланд. Дар ин хусус гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро миёни сокинон ҳамарӯза бо усули «хона ба хона» ба роҳ монда истодаанд.
Чунин корҳои оммафаҳмонӣ дар маҳаллаи Корвони Ҷамоати деҳоти Наврӯз бо мақсади огоҳ намудани сокинон ҷиҳати пешгирӣ аз коронавирус баргузор гардида, масъулин таъкид намуданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон нигоҳ доранд ва барои иҷро варақаҳои иттиллотӣ ва муроҷиатномаи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро дастрас ҳамагон карданд.
Инчунин, истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои Президентӣ ва кишт, захираи маҳсулоти кишоварзӣ, бо аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати бекор намондани ягон ваҷаб заминҳои дар ихтиёрашонбударо вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир фаҳмонида, ба онҳо ниқлобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои безараргардониро тақсим намуданд.