БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО НАБОЯД БА ДУБОРА ХУРУҶ НАМУДАНИ БЕМОРИИ КОВИД – 19 РОҲ ДИҲЕМ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар кӯчаи ба номи Туғак Дӯстов дар асоси Аксияи таблиғотии “хона ба хона” суҳбат гузаронида,  сокинони манзилҳои иситиқоматиро ба роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ шинос  намуданд. Таъкид бар он доштанд, ки паст шудани шиддати беморӣ дар ҷумҳурӣ маънои онро надорад, ки дигар талаботҳои беҳдоштии шахсиро риоя накунем, беҳуда аз хона баромада, дар ҷойҳои серодам гаштугузор намоем.  Зеро риоя накардани талаботҳои беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятӣ боиси дубора хуруҷ  намудани ин беморӣ шуданаш мумкин аст. Аз ин рӯ, ҳар як одам новобаста аз  он ки сиҳату саломат аст, бояд талаботҳои пешгирӣ аз ин ва дигар бемориҳои сироятиро риоя намояд.

Дар суҳбатҳои доирнамуда бештар аз 76 нафар сокинони кӯча  ба роҳҳои асосии пешгирии бемориҳои сироятӣ, алалхусус бемории корнавирус шинос гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg