БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО МЕҲНАТИ СОФДИЛОНА ҲОСИЛИ ФАРОВОН БА ДАСТ МЕОРЕМ

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо мақсади ба ҳар як соҳибхона фаҳмонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин ба сокинони деҳаи  Шехмизон  2- и  Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт бо усули “хона ба хона”  вохӯрӣ доир намуда, онҳоро барои саҳм гузоштан  дар таъмини амнияти озуқаворӣ  водор  ва сафарбар намуданд.

Дар суҳбатҳо баъди боздид аз ҳолати истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ таъкид карда шуд, ки  ҳама бошандагони ноҳия, онҳое, ки дар ихтиёрашон замини наздиҳавлигӣ, Президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ доранд, пурра имкон доранд, ки барои худ маводи хӯроквории зарурӣ  захира намояд.  Ин кор дар он ҳолат даст медиҳад, ки аз замину об самаранок истифода бурда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg