ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шиниохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо волонтёрони назди Кумитаи иҷроия дар маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулови Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ бо усули «хона ба хона» баҳри пешгирии бемориии сироятии СОVID-19 ва самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин бо сокинон суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби масъулин ба сокинони маҳаллаи болозикр ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои тиббӣ тақсим карда шуд.
Инчунин, таъкид гардид, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда, худ ва наздиконашонро аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ доранд.
Ҳамзамон, барои самаранок истифода бурдани заминҳои вобасташуда, аз ҷумла замини наздиҳавлигӣ, хоҷагии ёрирасони шахсӣ ва хоҷагиҳои фермерӣ аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуда, барои мусоидат дар таъмини амнияти озуқаворӣ, кишти такрорӣ ба роҳ монанд.