ВОКУНИШ. Дар ҳар давру замон халқиятҳо ва қавмҳо бар ивази ҷону тан барои пос доштани забон, урфу одат, расму оин, сарҷамъию иттиҳодӣ ва бунёди давлати мустақил талошҳо мекарданд. Мардуми тамаддунофари тоҷик аз давраҳои дури таърихӣ бо фарзандони фарзонаи худ ҳамеша арзишҳои воло бар зидди душманони аҷнабӣ мубориза мебурд ва онҳоро содиқона, бо таваҷҷуҳи хос нигоҳ медоштанд. «Назар ба он ки аз тарс ҳалок шавем, беҳтар аст, сари худро ба дор бинем» ин буд, шиори мардуми барӯманди тоҷик дар аҳди Сарбадорон, аз давлати Сарбадорон академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби сарнавиштсози хеш «Тоҷикон» чунин ёд намудааст: «Сарбадорон манфиатҳои пешаварон ва табақаҳои поини аҳолии шаҳрро ҳимоя мекарданд. Бинобар, ин тамоми иқдомоти онҳо мухолифи манфиатҳои аъён ва ашрофи Самарқанд буданд».
Чуноне маълум гардид устод Бобоҷон Ғафуров аз шуҷоату матонати халқи тоҷик бо ифтихор ёд менамояд. Ва ин нидои таърих ба мо мегӯяд: Ин аст тоҷик будан! Аммо баъди оне, ки филми ҳуҷҷатиеро бо номи «Хиёнат» дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон тамошо намудам, дар назди он абармардони тоҷик (Сарбадорон) шармам омад.Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ,(ТТЭ ҲНИ), ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, ҳикоят мекунад.
Аз ин филм ба хулоса омадам, ки аъзои ТТЭ ҲНИ заррае дар фикри Ватан набуда, мехостанд, ки Ватанро ба хотири курсиву манфиати шахсии хеш фурӯшанд. Яке сар ба дор медиҳад барои Ватан дигаре онро бо нархи арзон мефурӯшад.
Дар ин миён тамоми халқи тоҷик ба ҳиллаву дассисаҳои як чанд наҳзатӣ ва гурӯҳакҳои хиёнатпеша ба ҳеҷ ваҷҳ дода намешаванд. Зеро дар солҳои навадум зарбаи он тири хиёнаткориро хӯрдаанд ва аз ҳамин лиҳоз дастовардҳои ба дастомадаро бо тамоми ҳастияшон ҳифз менамоянд. Ва дар зери сиёсати Пешвои миллат ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ гардида, бар зидди ҳама таҳдиду хатаре, ки ба Ватан, миллат ва давлат мекунад, мубориза мебаранд.
Нигора Ҳасанова, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ