ВОКУНИШ. Тоҷикистон ҳарчанд як давлати ҷавон ба ҳисоб равад, лек бар замми ҷавонияш нигоҳ накарда, рӯз аз рӯз бо ташаббусу дастгириҳои беандозаи Сарвари оқилу доно, соҳибмаърифату, ободкор рушд карда истодааст ва дар тамоми дунё ба ҳунару маҳорат, анаънаҳои миллӣ, таърихи бою қадимаи худ, шинохта шудааст, ки нохалафон ин гуна пешравиҳоро дида натавониста, мехоҳанд ба сулҳу суботи осоишта халал ворид намоянд.
Ман ҳамчун як ҷавони соҳибтамаддуни давлату миллати сарбаланди тоҷик ба гуфтаҳои гурӯҳҳои хиёнаткор, алалхусус Муҳиддин Кабирӣ ақидаҳои худро иброз медорам, ки дигар шумо бо ҳиллаю найрангҳои ифротии хеш ба дидаҳои мардум ҷо нахоҳед шуд, чунки шумо аллакай ба хурду бузурги мамлакат бо рафтору кирдорҳои ноҷавонмардонаи худ маълум гаштаед ва ваҳдати пойдори мо, Истиқлолияти беҳамтои моро аз байн нахоҳед бурд, чунки мо Сарвари оқилу доно, сиёсатмадору ватандӯст дорем. Дар як лаҳзаҳои мушкил, ки Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд, Пешвои муаззами мо тавонист мардумро аз ҷанги шаҳрвандӣ ва гуруснагӣ наҷот диҳад. Ӯ тавонист ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафар намояд, бо халқ рӯ ба рӯ шавад мардумро, ба ояндаи нек дилгарм созад, аз аҳволи онҳо бохабар шавад. Пас ин ҳама хотираҳо боқист.
Ман ҳамчун ҷавони даврони Истиқлолият ҳама неруи ҷавонии худро баҳри пешравии давлату миллат равона сохта, кушиш ба харҷ медиҳам, ки насли ояндасози давлату миллатро дар руҳияи Ватану ватандорӣ, хештаншиносӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ таълиму тарбия намоям.
Марҷона Ғуломова, узви ҲХДТ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон