БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТ БАХШИДА НАМЕШАВАД

ВОКУНИШ. Тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ба намоиш гузошта шуд, ки дар ин филм доир ба амалҳои ғаразноку нопоки ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ пешкаши бинандагон гардонида шуд.

Чуноне ки медонем, роҳбарияти ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ, бо аъмоли тундравонаву моҷароҷӯёнаи худ ба таври мушаххас пойбандии хешро барои идомаи мубориза дар Тоҷикистон изҳор карда буд.

Баъзан масъулони ТТЭ ҲНИ зимни мусоҳибаву нишастҳо дар хориҷи кишвар худро яке аз ду қутби тавозуни истиқрори сулҳ ва кафили  Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд ва ба ин васила ҳушдор додан мехоҳанд, ки дар сурати ба эътибор нагирифтани мавқеи онҳо  чанбараки амну субот  дар ҷомеаи мо мувозинати худро гум хоҳад кард.

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” он ҳама амалҳои разилонаву даҳшатафканандаи ТТЭ ҲНИ ва дигар пайравонашро нишон дод. Нишон дод, ки ҳадафи ниҳоии он зӯран ба даст овардани қудрат, муборизаҳои сирф қудратталабона, манфиатҷӯӣ аз ҳама ҳодисаҳои дар кишвар ба амал омада, коштани кинаву адоват миёни сокинони кишвар, гумроҳ кардани ҷавонон, таблиғи фарҳангу маданияти бегонаву тундгаро ва ғайра буд. Роҳбари ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслаконаш, инчунин дигар гурӯҳҳои иртиҷоӣ  дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мафкураи одамон тавассути истифодаи самаранок аз шабакаҳои иҷтимоӣ таъсир расонида, ҳадафҳои ғаразноки худро роҳандозӣ менамоянд. Барои Тоҷикистон ва умуман минтақа сиёсикунонии дини мубини Ислом хатарест ҷиддӣ. Яъне, тӯли якҷанд даҳсолаҳо аст, ки истифода аз эътиқоди динии мардум ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои нопоку ғаразноки худ чунин гурӯҳҳо талош доранд.

Кашмакашиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолии мо низ бо ин гурӯҳҳо рабт дошта, истифода аз фарҳанги пасти сиёсию динии баъзе шаҳрвандон тавонистанд бо мусоидати қувваҳои беруна кишвари моро ба ҷанги шаҳрвандии бародаркуш мубтало намоянд. Вале халқи таҳаммулгарою тамаддунофари кишвари маҳбуби мо ба зудӣ дарк намуд, ки зери ин гуфтаҳо ва лофзаниҳо ҳадафҳои нопок нуҳуфта, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ бо хиради азалии худ ва роҳнамоию гузаштҳо ва бахшишҳои зиёди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ расидаанд.

Мусаллам аст,ки китоби муқаддаси “Қуръон”, ҳадисҳо ва тамоми аҳкому аркони Ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, озодӣ бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул,оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми давраҳои зиндагӣ таъкид намудааст. Ислом-дини сулҳу салоҳ ва бародарист на барқасдиву бетаҳаммулӣ.

Имрўзњо корзори созандагиву бунёдкорї дар тамоми гўшаву  канори мамлакат идома дорад. Вале хоинони миллат њамаи инро нодида мегиранд.

Чанде пеш дар ноњияи Хуросон дар натиљаи омади селу ярч хонањои истиќоматии шањрвандон вайрону валангор гардиданд. Дар асоси дастгирињои Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ва раиси вилоят дар як муддати кўтоњ хонањои шањрвандон сохта ба истифода дода шуда истодаанд.

Аҳли ҷомеаи мо дар тӯли қариб 30 - соли Истиқлолияти давлатӣ ба дарки хештаншиносӣ ва огоҳии сиёсӣ чандин бор бо чунин бархурдҳо дучор шудаву пайомадҳои ин гуна дассисакориҳоро хуб медонад. Бинобар ин сиёсати хирадмандонаву талошҳои ватанпарастона ва саъю кӯшишҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллатро сидқан ҷонибдорӣ намуда, ҳаргиз ба ифротгароён имкон нахоҳем дод, ки ваъзи сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварро муташшаниҷ кунанд, чунки амну суботи сиёсиву Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти кишвару якчорчагии Ватани азиз аз волотарин арзишҳои ҷомеа ва муқаддасоти давлатии мост.

Абдуназарзода Шоиста, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg