А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади дуруст ва бо сифат ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизбӣ робитаи ҳамешагӣ дошта, бо фаъолияти онҳо мунтазам шинос мешавад.
Зимни шиносоии фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Молиячиён” ҳолати коргузориву ҳуҷҷатнигорӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, гӯшаи ҳизбӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбиро дар ташкилоти мазкур мавриди назар ва баррасӣ қарор доданд.
Дар ташкилоти ибтидоии “Молиячиён” бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии мазкур ва бо назардошти дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 иброз доштанд, китобхона барои ҳизбиёни ташкилот ташкил карда шудааст.
Китобхонаи ташкилоти ибтидоии “Молиячиён” дар утоқи алоҳида ҷойгир шуда, дар он рафҳои китобмонӣ, китобҳои илмию бадеии тозанашр, сарчашмаҳо ва адабиётҳо бо забонҳои тоҷикию русӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳои соҳавӣ мавриди истифодаи умум қарор дорад. Иқдоми раиси ташкилоти ибтидоии “Молиячиён” дар бунёди китобхона намунаи ибрат буда, таҷрибаи кори ҳизбиёни ин ташкилотро роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия омӯхта, ба дигар ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизбӣ инъикос ва роҳандозӣ менамояд.