БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН БАРАКАТИ ЗИНДАГИСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  мақсади  амали  гардонидани  дастуру  супоришҳои  Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  вобаста  ба истифодаи  пурсамари заминҳои  кишоварзӣ ва  наздиҳавлигӣ, заминҳои Президенти, заминҳои  хоҷагиҳои деҳқони ва пешгирии паҳншавии бемории сирояти Коронавирус, масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  фаҳмондадеҳиро  дар  байни  сокинони  деҳаҳои ҳамарӯза  ба  роҳ  монда  истодааст.

Санаи  2  июли  кормандони  масъули Кумитаи  иҷроия  дар  деҳаи  Сангобаи 2-и  Ҷамоати  деҳоти  «Наврӯз»  корҳои  фаҳмондадеҳиро  ҷиҳати  пешгирии  паҳншавии  бемории  сироятии  Коронавирус  ҳамчунин вобаста  ба  истифодаи  пурсамари  заминҳои  кишоварзӣ  ва  наздиҳавлигӣ  рӯёнидани  ҳосили  баланд  ва  гирифтани  ду  ё  се  ҳосил  ҳаматарафа  фаҳмонида  таъкид  намуданд, ки  ҳар  як  оила  вобаста  ба  вазъи  имрӯзаи  ҷомеа бояд  захираи  дусолаи  озуқаро  дошта  бошад.

Аз  рафти  баргузории   сӯхбату  вохӯриҳо  аксҳо  бардошта  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg