БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ омӯзишест аз мактаби мардонагӣ!

ЁВОН. Имрӯз дар  саросари кишвари азизамон ҷашни 73- солагии Рӯзи Ғалаба  дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  ботантана таҷлил  карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки ба туфайли ин Ғалабаи бузург пешрафти тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мамалакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз он ҷумла кишвари азизи мо низ ҳаматарафа таъмин карда шуд.

Дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қатори дигар халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла сокинони ноҳияи мо низ иштирок ва корнамоиҳо карда, милионҳо нафар дар роҳи ба даст овардани Ғалаба ҷони худро аз даст додаанд.

Бо мақсади қадрдонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ  аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ҷалби аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба ҷашни 73- солагии Рӯзи Fалаба ба аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳия Дарвешов Хуҷа, Зокиров Холмирзо, Разоқов Саттор ва Қаландаров Раҳмат рафта, ба онҳо кӯмакҳои яквақтаинаи пулӣ ва маводи хӯрока  тақдим намуданд.

Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз иқдоми навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия шоду масрур гардида, иқдоми навбатиро яке аз дастгириҳои навбатии Пешвои миллат мутарам Эмомалӣ Рамон арзёбӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg