Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо вируси даҳшатноки коронавирус дар кишвари мо низ доман паҳн карда истодааст. Дар ин хусус аъзои гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро тибқи ахбори расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамчунин истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, кишт ва захираи маҳсулоти кишоварзиро миёни сокинон ҳамарӯза ба роҳ монда истодаанд.
Ин навбат гурӯҳи корӣ дар деҳаи Сангобаи 1-и Ҷамоати деҳоти Наврӯз бо усули “хона ба хона” вохӯриҳо баргузор намуда, таъкид карданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон нигоҳ доранд ва барои иҷро варақаҳои тавсиявиро тақсим карда, ёдовар шуданд, ки бештар ба гигиенаи шахсӣ риоя намуда, аз иштирок дар ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд.