ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Чун Тоҷикистони биҳиштосои мо бештари масоҳаташро кӯҳҳои зебои сарбафалак ва теппаҳои хушманзари тамошобоб ташкил мекунад, набояд ягон порча заминҳои водиҳо хоҳ замини наздиҳавлигӣ бошад , хоҳ Президентию хоҷагӣ аз кишт холӣ бимонад, то аҳолии мо битавонанд қисме аз хароҷоти маҳсулоти хонаашро аз заминҳои худ ба даст оранд. Дар ин хусус кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии ноҳияи Хуросон ҳамарӯза барои ба дарки сокинон расонидани моҳияти таъмини амнияти озуқавории кишвар ва ҳифзи солимии ҷомеа, ки яке аз самтҳои афзалиятноки давлату Ҳукумати мамлакат ба шумор мерасад, дар деҳаҳо бо сокинон вохӯриҳо гузаронида истодаанд. Чуни н чорабинии судманд дар деҳаи Ҷавонӣ гузаронида шуда, дар он пешниҳодҳо барои истифодаи мақсадноки заминҳо ва ҳамзамон барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва тақсимоти тавсияномаҳои ҳизбӣ ва ниқобҳои тиббӣ сурат гирифт.