БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗАГӢ САРЧАШМАИ СОЛИМИСТ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари  манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг,   аъзои гурӯҳи таблиғотӣ ва волонтёрони  назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ  ҳамарӯза барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус   бо усули “хона ба хона” бо сокинон суҳбатҳо доир  менамоянд.

Чунин суҳбати судманд бо усули “хона хона” бо сокинони  маҳаллаи Садбаргҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ  дар деҳаи Лоҳутӣ гузаронида шуд, ки дар он беш аз 72 нафар шаҳрвандон   иштирок намуданд.  Дар баромади таблиғотчиён қайд гардид, ки бо сабаби паст шудани шиддати бемории Ковид – 19  мардум нисбати саломатии худ бепарвоӣ зоҳир намуда, дар кӯчаю бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоби муҳофизатӣ гашту гузор намуда, тавсияи мутахассисонро ҷиҳати бо даст ва оғӯш кашида салом накардан, ҳангоми суҳбат масофаи байниякдигарро, ки 2 метр тавсия дода мешавад,  риоя наменамоянд.

Ба ҷамъомадагон  фаҳмонида шуд, ки сарчашмаи саломатӣ  ин риояи талаботҳои беҳдоштӣ  мебошад ва онро ҳар як шахс бояд мунтазам риоя намояд.       

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg