ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба мардум фаҳмонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва аз як замин рӯёнидани чанд ҳосил кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг мунтазам ба заминистифодабарандагон бо усули “хона ба хона суҳбат гузаронида, ба онҳо барои нигоҳубин ва обу ғизодиҳӣ маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Чунин вохӯрию суҳбат бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар кӯчаи ба номи Синои Ҷамоати шаҳраки Ховалинг гузаронида шуда, сокинон аз суҳбатҳои гузаронидашуда ба худ оид ба нигоҳубин ва ғизодиҳии маҳсулоти киштгардида маълумот пайдо намуданд.
Бошандагони кӯча дар мулоқот мақсади худро, ки барои рӯёнидани чанд ҳосил аз як замин буд, баён доштанд.