ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Бурдангали Ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳимов бо усули “хона ба хона” чорабинии ҳизбӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Темурмалик Алихонова Бибинисо баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид иброз дошт, ки саломатии ҳар яки мо аз худи мо ва муҳити зисти мо вобастагӣ дорад. Аз ин хотир моро зарур аст, пайваста аз тавсияҳои табибон, мутахассисони соҳаи тандурустӣ васеъ истифода барем, худ ва дигаронро аз ин бемории хатарнок ҳифз намоем.
Сипас, Алихонова Бибинисо вобаста ба масъалаҳои мазкур фикру андешаҳои хешро баён дошта, аз сокинон барои ҳифзи солимии ҷомеа, захираи маводи хӯрока ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободонӣ ба хотири сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард.
Дар охир ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва муроҷиатномаи ҲХДТ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дастрас карда шуд.