БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҚВИЯТИ БЕШТАРИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ВОБАСТА БА ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари  манфиатҳои миллӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант гурӯҳҳои таблиғотӣ дар деҳаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва биноҳои баландошёнаи маркази шаҳр Аксияи тарғиботӣ бо усули “хона ба хона” ҳамарӯза доир карда мешавад.

Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо пешгирь аз паҳншавии коронавирус буда, аз ҷониби масъулин ба аҳолӣ варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда мешаванд.

Ин навбат кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ дар деҳаи Хуррамдеҳи Ҷамоати деҳоти Гулистон бо мақсади ба дарки сокинон расонидани моҳияти дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити афзоиш ёфтани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва захира намудани маводи ғизоӣ, инчунин даъвати ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ ибрози ақида намуда, ҳамагонро барои иҷрои саривақтии  амалҳои созанда раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg