БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ БЕЗАРАРГАРДОНӢ ИДОМА ДОРАНД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари  манфиатҳои миллӣ. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо  мақсади  пешгирӣ аз паҳншавии бемории  коронавирус  корҳои  безараргардонӣ  дар  маҳаллаҳо ва деҳаҳои  ноҳия  ҳамарӯза бо маром идома доранд.     

Бо  мақсади пешгирӣ  аз  сироятёбӣ  ва хатару оқибатҳои бемории  коронавирус     дар  ҳамкорӣ бо ихтиёриён (волонтёрон) дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии маркази ноҳия  корҳои  безараргардонӣ  бо  маҳлулҳои  кимёвии гиплохлориди  натрий  гузаронида шуд.

Бо кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба  пешгирии  сироятёбӣ  аз  бемории  коронавирус суҳбату  вохӯриҳо баргузор   намуда, шахсони масъул таъкид намуданд, ки яке аз  омилҳои  асосии  пешгирӣ  ин  безараргардонии  макони  зист  ва  риояи  қоидаҳои  бехатарии  беҳдошт, мунтазам шустани дастон бо собун ва ё маҳлулҳои спиртдор, истифодаи  ниқоб  ба  шумор  меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg