МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 ва истиқоматкунандагони кӯчаи Ҷавонон оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонииро баргузор намуда, ба иштирокчиён аз ҷониби волонтиёрони назди ТҶҶ “Cозандагони Ватан» ба миқдори 96 дона ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводҳои антисептикӣ доир ба пешгирии бемории короновирус дастрас карда шуд.
Дар вохӯрӣ роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Ҳайдарзода Рамазон иштирок дошта, дар бораи масъалаҳои болозикр суханронӣ намуда, таъкид кард, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намоянд.