БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хизматрасонии алоқаи электронӣ воситаи муҳимтарини фаъолияти инсон дар ҷомеа

ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҶСП «Телеком»-и ноҳияи Восеъ тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  вохӯрӣ доир гардид.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Рӯзигул Қурбонзода бо кормандони ҶСП «Телеком» оид ба сиёсати пешгирифтаи давлат, пешрафти иқтисодӣ миллии ҳамчунин оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, ҷалби шаҳрвандони бекор ба омӯзишу касбу ҳунарҳои мардумӣ ва аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи камбизоатӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ҷалби онҳо ба хизмати Ватан сухан ронда, иброз дошт, ки  ҶСП «Телеком» дар корҳои ҷамъиятиву сиёсии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар амалӣ намудани ҳадафҳои Барномавии  ҳизб саҳми беандоза доранд  ва мавсуф  ба масъулини ташкилоти мазкур миннадории хешро баён кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg