Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯрӣ дар муассисаю ташкилотҳои ибтидоӣ ва маҳаллаҳову деҳаҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корхонаи обу канализатсия” вохӯри баргузор намуданд.
Дар вохӯри масъулин дар назди иштирокдорон оид ба ҳадафҳои созандаи ҲҲДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, камхарҷу дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор кардани тӯйю маъракаҳо, пешгирии зуҳуроти номатлубӣ ҷомеа, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шахсони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ аз ин ҳисоб баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муқовимат бо коррупсия, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи созандагиву ободонӣ суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро ҷиҳати дар амал татбиқ кардани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва боз ҳам ободу зебо гаштани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз раҳнамоӣ карданд.