БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕҲТАРИНИ ПЕШГИРИҲО АЗ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС, ИН РИОЯИ МЕЪЁРҲОИ САНИТАРИСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари  манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар Ҷамоати деҳоти Гулистон оид ба омилҳои пешгирикунандаи бемориро тибқи ахбороти расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд. Қайд намуданд, ки бисёр мамлакатҳои дунё дар мубориза бо ин беморӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрванди  худ аз хавфи он ноилоҷанд ва роҳи ягонаи пешгирии онро танҳо дар пурра иҷро намудани меъёрҳои санитарию гигиенӣ медонанд. Бинобар ин, аз ҳамаи шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки чораҳои пешгирии ин бемории воқеан хавфнокро пурра риоя кунанд ва бо ин роҳ худу атрофиёни худро эмин нигоҳ доранд.  

Инчунин, дар чорабинии мазкур бо усули “хона ба хона” оид ба роҳҳои пешгирӣ ва паҳншавии ин бемории сироятӣ ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg