БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИИ МО АЗ САТҲИ ОГОҲИЯМОН ВОБАСТАГӢ ДОРАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари  манфиатҳои миллӣ. Бо коҳиш ёфтани шиддати сироятёбии бемории коронавирус мушоҳида мешавад, ки теъдоди зиёди шаҳрвандон бе аҳамиятӣ зоҳир намуда, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҳамарӯза дар  маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб бо мақсади пешгирии ин беморӣ  ба мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.

Зимни гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳаллаи  ба номи Ҳилоли Аҳмар аз ҷониби масъулин қайд карда шуд, ки танҳо  риояи гигиенаи шахсӣ метавонад моро аз хатари сироятёбӣ эмин дорад. Баён гардид, ки давлат ва Ҳукумати кишвар баҳри он мекӯшанд, ки шаҳрвандон эмин аз ин беморӣ бошанд, пас моро мебояд, ки худрову дигаронро аз ин беморӣ эҳтиёт намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg