КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро дар маҳаллаҳо ва ва роҳравҳои шаҳри Кӯлоб ба роҳ мондааст.
Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҳангоми гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, таблиғотӣ оид ба риоя намудани гигиенаи шахсӣ, ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар маҳаллаи Чапаев сокинонро огоҳ сохтанд, ки саломатии мо аз сатҳи огоҳиямон вобастагӣ дошта, риояи гигиенаи шахсӣ асоси пешгирӣ аз ҳар гуна беморӣ мебошад. Инчунин, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки нисбати саломатии фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир накунанд ва ҳамеша онҳоро зери назорати қатъӣ бигиранд, чунки кӯдакон ояндаи давлату миллат мебошад.