ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара вобаста ба пешгирӣ аз хатари коронавирус ва роҳҳои гузариши он бо усули “хона ба хона” дар деҳаи Рахшонзамини Ҷамоати деҳоти Корез бо истиқоматкунандагон вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар ин вохӯрӣ масъулин оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, худдорӣ намудан аз ҷойҳои серодам, риояи тавсияҳои табибон, ҳангоми мушоҳидаи беморӣ зуд ба табибон муроҷиат намудан маслиҳатҳо доданд.