ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус дар маҳаллаи ба номи Султони Кабири Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Масъулин дар вохӯриву суҳбатҳо оид ба чи гуна пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, риояи гигиенаи оилавӣ, худ ва дигаронро ҳифз намудан аз бемории сироятии коронавирус тавсияҳо дода, ҳамчунин ба сокинон варақаҳои тарғиботӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус тақсим карда шуд.