ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ коронавирус бо усули «хона ба хона» дар маҳаллаи ба номи А.Мирзоеви Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук чорабинии ҳизбиро ба роҳ монда, ҳамарӯза миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро доир намуда истодаанд.
Зимни баргузории чорабинии ҳизбӣ ба сокинон маводҳои пешгирикунандаи тавсиявӣ аз вируси сирояткунандаи коронавирус дастрас карда шуда, таъкид гардиданд, ки қоидаҳои санитариро қатъиян риоя намоянд.