ВАХШ. Мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар муассисаву ташкилотҳо бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷавонон" чорабинии ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар тарбияи ватандӯсти ҷавонон баргузор гардид.
Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин зикр намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда,баҳри амалӣ гардидани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ,ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан ва бунёдкорӣ равона созанд. Ҷавонон мо ҳар ҷое, ки бошанд, бояд бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.