БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Пӯшидани ниқобҳои тиббӣ , нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, мунтазам тамизкорӣ намудани хона ва муҳити атроф, шустани дастон бо собун, истифода намудани маҳлулҳои спиртдор аз ҷумлаи он тавсияҳое буданд, ки аъзои гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби фаъолони шаҳри Бохтар ҳангоми суҳбату вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи “Зарбдор” -и шаҳри Бохтар доданд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки ҳарчанд шиддати сироятёбии сокинони сайёра ба коронавирус имрӯз паст шуда бошад ҳам, вале инсоният ба ин беморӣ то ҳол раҳоӣ наёфтааст.Мушоҳида шуд, ки баъзе аз сокинон нисбати чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии ин беморӣ беаҳамиятӣ зоҳир намуда, дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои хизматрасонӣ масофаи иҷтимоиро риоя накарда, бениқобҳои муҳофизатӣ сайру гашт менамоянд. Моро лозим аст, ки ба шаҳрвандон дуруст моҳият ва зарурати пӯшидани ниқобҳои тиббиро фаҳмонем, зеро ин амал ба саломатии мо низ метавонад зарар расонад.
Дар рафти корҳои тарғиботӣ аз ҷониби аъзои гурӯҳ зиёда аз 300 адад ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳо оид ба пешгирии бемории коронавирус тақсим карда шуд. Гурӯҳи мазкур бо дастури бевоситаи раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин дар доираи ҳамкориҳои ШВКД, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр таъсис ёфта, мақсади асосии фаъолияти он пешгирӣ намудан аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавирус мебошад.