БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАЗИФАҲОИ МУҲИМУ АВВАЛИНДАРАҶА ДАР РОҲИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

ВОКУНИШ. Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ карор додаанд. Истифодаи қудратҳои минатқавӣ ва ҷаҳонӣ аз ин гурӯҳҳо барои расидан ба мақсадҳои худ, миқёси хатари онҳоро даҳчанд зиёд менамояд.

Бинобар ин, дар шароити пешомада, танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ ва ба роҳ мондани як набарди умумимиллӣ метавонад роҳи дурусти мубориза бо ин хатарро  бигирад.

Хушбахтона, дар солҳои охир мақомоти сиёсиву қудратии кишвар, ташкилотҳои диниву ҷамъиятӣ ва ғайра бо дарки ин хатари маргбор барои пешгирии гароиши ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо талошҳои ҷиддиро ба роҳ мондаанд. Омӯзиши раванди коргузорӣ дар ин самт нишон медиҳад, ки агар равиши таблиғу ташвиқот дар ин масъала такмил ёфта, моҳияту хатари ифротгароӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ ба мардум ба таври боз ҳам мушаххастару соддатар фаҳмонида шаванд, ин кӯшишҳои давлат ва ҷомеа натиҷаи дучанд хоҳанд дод. Яъне, худи содда намудани баён ва ба таври возеҳ бозкушоӣ кардани моҳияту хатари ин гурӯҳҳо барои мардум яке аз вазифаҳои бисёр муҳим дар мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризм мебошад. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид  ба  муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 12 ноябри соли 2016, №776 ба тавсиб расид, маҳз хамин заруриятро дар назар гирифта, моҳияти хатари гурӯҳҳои ифротиро қадам ба қадам бозкушоӣ намуда, ҳамзамон ба як силсила масъалаҳои мураккаби назариявӣ ва амалии ин самт посухи соддаву мушаххас медиҳад. Мақсади асосии стратегияи  мазкур огоҳ ва хушдор сохтани мардум аз хатари тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгароии динӣ мебошад. Яъне, ҳар шаҳрванд бояд дақиқан бидонад, ки ин зуҳурот ба Ватану миллати ӯ, ба фарҳангу боварҳои ӯ, ба зиндагии осоиштаи ӯ, ба ҳаёти худи ӯ, ба модару хоҳар ва зану фарзанди ӯ, ба хонаву молу мулки ӯ, ба манфиати шахсии ӯ чӣ хатарҳои зиёде дорад.

Маҳз чунин дарки бевосита ва ҳисси манфиати хатари гурӯҳҳои ифротӣ метавонад зеҳни оммаи мардум ва мавқеи ҳар як шаҳрвандро дар муқобили ин зуҳурот омода намояд. Маҳз чунин дарки яқинии ҳамагон метавонад заминаи сафарбаркунии тамоми зарфиятҳо, имкониятҳо, манфиатҳо, андешаҳо ва инсонҳоро дар муқобили экстремизм ва терроризм фароҳам оварад.

Пас, саволи марказии ин навишта чунин аст, ки хатари воқеӣ ва мушаххаси тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ба Ватани мо, ба мардуми мо ва ба ҳар як нафари мо дар чист?

Ва ниҳоят, стратегияи  мазкур аз назари мантиқ ва забону тарзи баён хусусияти оммавӣ ва таблиғотӣ дошта, барои истифода дар корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти мубориза бо тафаккури ифротгароӣ ва гурӯҳҳои ифротии динӣ пешбинӣ шудааст.

Барои баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ ҳуқуқии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоӣ-ҳуқуқии сокинон бояд пеш аз ҳама таъмини суботу ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, рафтори қонунии шаҳрвандон ва ба ин васила пешгирӣ намудани руҳияи тундгароиро тақвият  диҳем.

Сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа арзишҳои ҳуқуқӣ ва арзишҳои ахлоқии умумибашарӣ, дараҷаи рушди низоми ҳуқуқиро  дар ҷомеа боло  бардорем. Ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон  мусоидат  намоем.

Бояд риояи ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандон дар ҳама мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, ташкилот, корхона ва муассисаҳо таъмин намоем.

Ғафорова Насима,  мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg