БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МИЁНИ СОКИНОН

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Шамсиддин Шоҳин  баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки замин Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Пешгирӣ  беҳ аз табобат!» доир намуда, ба сокинон варақаҳои тавсиявӣ оид ба ин вабои асрро тақсим  карданд.  Намояндагони ҳизбӣ таъкид карданд, ки аз иштирок дар ҷойҳои серодам худорӣ  намоянд, худ  ва наздиконашонро  аз ин бемории сироятӣ эҳтиёт кунанд.  Инчунин, масъулин   дар бораи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сафари кориашон ба вилояти Хатлон  ба мардуми кишвар дар бораи истифодаи самараноки замин дода буданд, фикру андешаҳои хешро баён дошта, аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки  татбиқи  ҳадафҳои созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо- сокинон манфиатовар мебошад. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg