БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ДАСТ ОВАРДАНИ ҲОСИЛИ ФАРОВОН МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДРО ТАЛАБ МЕКУНАД

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо сокинони деҳаи Шарифободи Ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсов бо усули “хона ба хона” корҳои таблиғотиро дар самти пешгирию муқовимат бо пандемияи “Ковид-19” ва самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ба роҳ монданд.

Дар чорабинь масъулин вобаста ба риояи гигиенаи шахсӣ, мунтазам тозаву тамиз кардани манзили зист, гузаронидани корҳои безарраргардонӣ дар хонаҳо ва кӯчаю маҳаллаҳо, ҳангоми баромадан аз хона ҳатман пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, худдорӣ намудан аз ҷамъомадҳои серодам ва дигар амалҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирусро ба аҳолӣ фаҳмониданд.

Ҳамзамон, дар бораи кишти заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла гузаронидани кишти такрорӣ дар қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ, сари вақт додани озуқа ба заминҳо, аз рӯи меъёрҳои агрономӣ коркарди саривақтии растаниҳои техникӣ, махсусан пахта, риояи қоидаҳои зидди сӯхтор дар раванди ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо андешаронӣ карда шуда, ба сокинон тавсияҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg